Агентии ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) метавонад президенти ИМА Доналд Трамп ва дигар мақомоти ИМА-ро аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ бинобар қарзи кишвар ба ин созмон манъ кунад. Дар ин бора Associated Press хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи WADA дар 17 марти соли ҷорӣ интизор меравад, ки агентиҳои миллии зиддидопинг имконияти ҷорӣ кардани таҳримҳоро нисбат ба кишварҳое, ки ҳаққи узвияти худро пардохт накардаанд, баррасӣ кунанд.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 2023 инҷониб ҳаққи узвияти худро пардохт накардааст. Тибқи лоиҳаҳои мавҷуда, яке аз таҳримҳо метавонад маҳдудият дар иштироки мақомот дар чорабиниҳои варзишӣ бошад.
Иёлоти Муттаҳида аз пардохти ҳаққи узвияти солона ба буҷаи WADA бинобар ихтилоф бо Агентии зиддидопингии ИМА-и ин созмон худдорӣ кардааст. Ҷониби Амрико ҳанӯз барои солҳои 2024 (3,6 миллион доллар) ва 2025 (3,8 миллион доллар) пардохт накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп қаблан ба тими миллии Эрон маслиҳат дода буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳида ширкат накунанд.
|