05:03 Ӯзбекистон Эронро мағлуб карда, ғолиби CAFA Nations Cup шуд | |
|
Имрӯз, 8 сентябр тими миллии Узбекистон дар финали мусобиқаи CAFA Nations Cup-2025 ба муқобили тими миллии Эрон рақобат кард. Узбекистониҳо, ки аксарияти бозиро бо бартарии як бозингар гузаронданд, бо мушкилӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар дақиқаи 5-уми бозӣ довар бозигари эронӣ Аря Юсуфиро барои бозии дағалона нисбат ба Аббосбек Файзуллаев аз майдон хориҷ кард. Баъдан назорат ва бартарии бозӣ комилан ба дасти узбекистониҳо гузашт. Бо вуҷуди ташкили чандин ҳамлаҳо, дар қисми аввали бозӣ гол ба қайд гирифта нашуд. Нимаи дуюми бозиро низ футболбозони тими миллии Узбекистон бо бартарии чашмрас оғоз карданд, аммо дар миёнаҳои ин нима эрониҳо низ пайиҳам ҳамлаҳо ташкил карданд. Дар дақиқаи 54-ум дарвозабон Уткир Юсупов аз сабаби осеб дидани майдонро тарк кард ва ба ҷои ӯ Владимир Назаров бозиро идома дод. Дар дақиқаи 89-ум сардовар ба Ҳожиакбар Алижонов корти сурх нишон дод, аммо пас аз бозбинии VAR ин тасмим ба корти зард тағйир ёфт. Бозӣ дар вақти асосиаш бо ҳамин тарз ба поён расид. Рақобат дар вақтҳои изофӣ идома ёфт. Дар дақиқаи 119-ум, вақте ки як дақиқа то анҷоми бозӣ монда буд, Ҳожиакбар Алижонов гол зад ва пирӯзии Узбекистонро таъмин кард. Ба ин тартиб, тими миллии Узбекистон барои аввалин бор дар таърих дар хоки худ тими миллии Эронро мағлуб намуд. | |
|
| |
| Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0 | |

