04:53
Мирзиёев ба мардуми Тоҷикистон табрикот фиристод

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ин кишварро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод. “Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Ба муносибати ҷашни миллии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият, бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва мардуми бародари тоҷик беҳтарин орзуҳои самимонаи худро ирсол медорам. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ анҷом дод, корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ гардид ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёт натиҷаҳои баланд ба даст омаданд”, - омадааст дар паёми табрикии Мирзиёев. Ҳамчунин, Президенти Узбекистон қайд кардааст, ки ҳамчун мардуми бародар аз пешрафти босуръати Тоҷикистон, дастовардҳои дурахшони он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва нуфузи афзояндаи байналмилалии ин кишвар бениҳоят хушнуд аст. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки риштаҳои дӯстии байни мардумон минбаъд низ мустаҳкам хоҳанд шуд ва муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқи байни ду кишвар, ки бар асоси анъанаҳои ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд ёфтаанд, ба таври мунтазам рушд хоҳанд кард. “Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон пирӯзиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари тоҷик сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти устувор орзу мекунам”, - гуфтааст Мирзиёев.Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ин кишварро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод. “Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Ба муносибати ҷашни миллии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият, бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва мардуми бародари тоҷик беҳтарин орзуҳои самимонаи худро ирсол медорам. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ анҷом дод, корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ гардид ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёт натиҷаҳои баланд ба даст омаданд”, - омадааст дар паёми табрикии Мирзиёев. Ҳамчунин, Президенти Ӯзбекистон қайд кардааст, ки ҳамчун мардуми бародар аз пешрафти босуръати Тоҷикистон, дастовардҳои дурахшони он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва нуфузи афзояндаи байналмилалии ин кишвар бениҳоят хушнуд аст. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки риштаҳои дӯстии байни мардумон минбаъд низ мустаҳкам хоҳанд шуд ва муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқи байни ду кишвар, ки бар асоси анъанаҳои ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд ёфтаанд, ба таври мунтазам рушд хоҳанд кард. “Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон пирӯзиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари тоҷик сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти устувор орзу мекунам”, - гуфтааст Мирзиёев.


Хонданд: 31 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 5.0/1

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user