05:58
Дар Ҳиндустон аз шиками кӯдаки якмоҳа ду ҳомила ёфт шуд.

Дар Ҳиндустон табибон дар кӯдаке, ки ба бемории нодире гирифтор буд, амалиёти муваффақона анҷом дода, аз баданаш ду ҳомилаи ташаккулнаёфтаро хориҷ карданд. Дар ин бора нашрияи “The Times of India” хабар дод. Ин амалиёти мураккаб дар беморхонаи шаҳри Гургаон, иёлати Харьяна баргузор шуд. Ба гуфтаи табибон, ин беморӣ, ки бо номи “ҳомила дар дохили ҳомила” маъруф аст, дар ҳар 500 ҳазор ҳолат як бор рух медиҳад. Чунин аномалия дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд, яъне яке аз ҳомилаҳо ба таври дуруст инкишоф намеёбад ва аз ҷониби ҳомилаи дигар фурӯ бурда мешавад. Ба иттилои нашрия, модари кӯдак интизор буд, ки сегоник таваллуд кунад, аммо дар ҷараёни ҳомиладорӣ яке аз онҳо ду ҳомилаи дигарро фурӯ бурдааст. Духтараки таваллудшуда пас аз 20 рӯз ба сабаби варами шикам ва аз хӯрокхӯрӣ даст кашидан ба беморхона интиқол ёфт. Дар ҷараёни муоина табибон сохторҳои ғадудмонандро, ки меъдаи духтаракро фишор медоданд, ошкор карданд. Ҳангоми амалиёт маълум шуд, ки онҳо дар асл ҳомилаҳои нотамом ташаккулёфта будаанд. Дар амалиёти ҷарроҳӣ 15 табиб иштирок карда, дар тӯли ду соат бо эҳтиёти зиёд барои пешгирӣ аз осеб ба узвҳои дохилии кӯдак бо дақиқии баланд бофтаҳои ғадудро хориҷ намуданд. “Ин як ҳолати бисёр нодир ва мураккаб буд – ҳам аз лиҳози ташхис ва ҳам аз ҷиҳати анҷоми амалиёт. Мо на як, балки ду ҳомиларо дар дохили як халта, аз бадани кӯдаки ҳамагӣ якмоҳа пайдо кардем. Вазифаи аз ҳама душвор дар чунин организми хурд анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бо дақиқии баланд буд”, - гуфт яке аз табибон. Пас аз амалиёт духтарак ба худ омада, ба гуфтаи табибон, ҳоло худро хуб ҳис мекунад.


Хонданд: 29 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user