06:32
Дар Ӯзбекистон маҳбусон бо хондани китоб метавонанд муҳлати ҷазои худро кам кунанд

Ин қонун пас аз имзои раисҷумҳури ин кишвар ба ҳукми амал медарояд.

Маҷлиси миллӣ ё сенати Ӯзбекистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, барои ҳар як китобе, ки маҳбус аз рӯйхати тасдиқшуда мехонад, муҳлати ҳабси ӯ 3 рӯз кам карда мешавад, хабар медиҳад дафтараи матбуоти палати болоии парлумони ин кишвар.

Маҳкумшудаҳо дар як сол метавонанд ҳадди аксар то 30 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд.

Китобҳое, ки зиндониён мехонанд, аз cӯи Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва рӯшангарии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад ва онҳо доро арзишҳои дурусти ахлоқӣ мебошанд. Мутолиаи ҳар китобро комиссияи махсус тасдиқ мекунад.

Ин навоварӣ ба маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки қонун ба зиёда аз 13 ҳазору 500 зиндонӣ, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд, татбиқ хоҳад шуд.

Вакилон гуфтаанд, ки қабули ин қонун тарбияи маҳкумшудаҳоро тақвият мебахшад, ба ташаккули эҳтиром ба анъанаҳо ва қонунҳои ҷомеа мусоидат мекунад ва ҳамчунин, ба пешгирии қонуншиканӣ ва коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ёрӣ мерасонад.

Қонуни мазкур пас аз имзои раисҷумҳури Ӯзбекистон ба иҷро медарояд.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Бразилия низ барномае қабул гардид, ки дар асоси мутолиаи китоб кам кардани муҳлати ҷазои зиндониён пешбинӣ мекунад. Дар ин кишвар маҳбусон бо хондани 12 китоб дар як сол то 48 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд. Гуфта мешавад, ки мақомот ин тасмимро ҷиҳати коҳиши шумори зиёди зиндониён дар муасиссаҳои ислоҳӣ гирифтаанд.

 


Хонданд: 32 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user