04:38
Дар Олмон дар остонаи интихобот 16 номзoд вафот карданд.

Дар остонаи интихоботи маҳаллӣ дар Олмон, 16 номзад аз ҳизбҳои мухталиф вафот карданд. Дар ин бора нашрияи “Bild” хабар дод. Пулис тасдиқ кард, ки тамоми ҳолатҳои марг ба сабабҳои табиӣ рух додаанд ва назарияҳои тавтеаи паҳншуда дар бораи қасдан нобуд кардани сиёсатмадоронро рад кард. Ба иттилои Кумитаи интихоботи минтақавӣ, ҳафт нафар аз фавтидагон аз ҳизби “Алтернатива барои Олмон” буданд, ва боқимондагон аз ҳизбҳои “Сабзҳо”, “Ҳизби ҳимояи ҳайвонот” ва дигар нерӯҳои сиёсӣ. Ин ҳодисаҳо асосан дар иёлати Шимолии Рейн-Вестфалияи кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Дар ибтидо хабарҳо дар бораи марги номзадҳои ҳизби “Алтернатива барои Олмон” паҳн шуд, ки ин миш-мишҳои тавтеаро пурзӯр кард. Аммо таҳқиқоти гузаронидашуда нишонаҳои марги табииро дар тамоми ҳолатҳо нишон дод. Раҳбари Кумитаи интихоботи минтақавӣ Моника Виссманн низ гумонҳои интернетиро дар бораи он ки “намояндагони ‘Алтернатива барои Олмон’ бештар ҳадаф қарор гирифтаанд”, рад кард. Ин ҳизб дар Олмон аксар вақт ҳамчун “русгаро” танқид мешавад. Намояндагони ҳизби “Сабзҳо” онро ҳамчун таҳдид ба амнияти Олмон ва “аспи Троя”-и Русия арзёбӣ кардаанд. Ҳамин тавр, маргҳои пайдарпай ба таври табиӣ арзёбӣ мешаванд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро “қатли бодиққат барномарезӣшуда” номидаанд. Барои иттилоъ, интихоботи маҳаллӣ дар Олмон, ба хусус дар замини федералии Шимолии Рейн-Вестфалия, барои 14 сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.


Хонданд: 30 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user