05:27 Дар Ҷопон як ҷавон мехоҳад бо бибии 83-солаи ҳамсинфаш издивоҷ кунад. | |
|
Дар Ҷопон як ҷавони 23-сола ба бибии 83-солаи ҳамсинфаш ошиқ шуда, бо ӯ издивоҷ карданро нақша кардааст. Дар ин бора SCMP хабар додааст. Ба иттилои нашрия, шиносоии онҳо соли гузашта, 14 феврал, яъне дар Рӯзи ошиқон сурат гирифтааст. Пас аз ним сол, онҳо ба наздиконашон ошкоро муносибат нишон дода, дар як хона зиндагӣ карданро оғоз кардаанд. Аъзои оила бо ин муносибати онҳо комилан розӣ будаанд. Ин зан қаблан боғбон кор карда, соҳиби боғи калони ботаникӣ будааст. Ӯ ду бор издивоҷ кардааст, як писар, як духтар ва панҷ набера дорад. Пас аз ҷудоии охирин, вай бо писараш зиндагӣ мекард. Мусоҳибаи ин ҷуфт ва қиссаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд машҳур шуд. Бархе аз муносибати онҳо пуштибонӣ карда, гуфтаанд, ки “ишқ синну сол намешиносад”, аммо бархеи дигар амали ин ҷавонро сахт маҳкум кардаанд. Ба ёд меорем, қаблан дар Чин як духтари 17-сола дӯстдоштаи 19-солаашро ба фиребгарони Мянмар барои 14 ҳазор доллар ҳамчун ғулом фурӯхта буд. Ин ҷавон ва духтар дар толори биллиард шинос шуда буданд. Дар ҷараёни сӯҳбат, духтар аз падару модари сарватмандаш дар Мянмар фахр карда, ба ҷавон ваъда дода буд, ки дар ёфтани кор кумак мекунад. | |
|
| |
| Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0 | |
