05:51
“Реал” Ла Лигадаги энг қиммат харидларни амалга оширди

Дар Испания равзанаи тобистонаи трансфер расман ба поён расид. Як қатор дастаҳо сафашонро бо бозигарони нав мустаҳкам карданд, дар ҳоле ки баъзе клубҳо бо аз даст додани пешвоёнашон заиф шуданд. Харидҳои гаронбаҳотарин дар давраи трансферҳои тобистона аз ҷониби дастаи “Реал Мадрид” анҷом дода шуд. “Клуби шоҳона” аз “Борнмут” Дин Хёйсенро ба маблағи 62,5 миллион евро харидорӣ карда, гаронбаҳотарин хариди трансферҳои тобистонаи Ла Лига дар соли 2025ро ба номи худ сабт намуд. Хариди дуюми гаронбаҳо низ ба мадридҳо тааллуқ дорад – онҳо аз “Бенфика” Алваро Каррерасро ба маблағи 50 миллион евро ба сафи худ илова карданд. Сегонаи пурқувватро боз як бозигари “Реал” анҷом дод: истеъдоди аргентинаӣ Франко Мастантуоно аз “Ривер Плейт” ба маблағи 45 миллион евро оварда шуд. Ҳамин тавр, се трансфери бузургтарини бозори тобистона комилан ба мадридҳо тааллуқ дошт. Хариди чаҳоруми гаронбаҳоро “Атлетико Мадрид” анҷом дод – онҳо аз “Вильярреал” Алекс Баэнаро ба маблағи 42 миллион евро хариданд. Панҷгонаро бошад, “Вильярреал” пур кард: онҳо аз “Лион” Жорж Микаутадзеро ба маблағи 31 миллион евро трансфер карданд. Барои маълумот, пас аз даври сеюм, “Реал Мадрид” бо 9 хол пешсафи Ла Лига аст. “Атлетик Бильбао” бо ҳамин миқдор хол ба далели тафовут дар тӯбҳо дар ҷойи дуюм қарор дорад. Чаҳоргонаи пурқувватро “Вильярреал” ва “Барселона” (7 хол) анҷом медиҳанд.


Хонданд: 32 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user