05:45
Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври назаррас поин рафт

Давоми як ҳафтаи ахир, нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и пойтахти Тоҷикистон ба андозаи 4% - аз 4 сомониву 80 дирам-4сомониву 90 дирам  барои 1 литр дар охири ҳафтаи гузашта то ба 4 сомониву 60 дирам-4 сомониву 70 дирам дар имрӯз, 2 сентябр поин рафт.

Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии НФС ва сатҳи хидматрасонӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳр ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирам аст.

Ба ин тариқ, аз оғози сол нархи чаканаи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40% - аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар имрӯз поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 28,2%, аз ҷумла танҳо дар моҳи июл - 11,4% арзон шуд.

Бояд гуфт, ки тайи даҳсолаи ахир ба туфайли нисбатан арзон будан, гази моеъ навъи асосии сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар кишвар боқӣ монда буд, зеро дар аввали солҳои 2010-ум дар пасманзари болоравии нархҳо ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка), ронандагони автомашинаҳо тадриҷан ба истифодаи газ гузаштанд.

Аллакай дар нимаи солҳои 2010-ум тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомбилӣ дар ҷумҳурӣ гази моеъро истифода мебурданд.

Аммо солҳои охир бахусус дар пойтахт зиёдшавии шумори мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) ба мушоҳида мерасад. Ин ба камшавии талабот ба навъҳои маъмулии сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ оварда расонид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор адад ва дар зарфи 5 моҳи соли 2025 - қариб 13 ҳазор адад электромобилҳо ворид карда шуданд. Шумори умумии электромобилҳои то 1 июни соли 2025 зиёда аз 34 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

 


Хонданд: 35 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user