04:26 Дар як соли охир аҳолии Тоҷикистон қариб 100 ҳазор зиёд шудааст | |
|
То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд мебошад. Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли равон тариқи зайл аст: - вилояти Хатлон - 3 млн. 830 ҳазор нафар; - вилояти Суғд - 2 млн. 987,4 ҳазор нафар; - ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 272,6 ҳазор нафар; - шаҳри Душанбе – 1 млн. 278, 2 ҳазор нафар; - ВМКБ – 235,6 ҳазор нафар. Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд будааст. Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.
| |
|
| |
| Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0 | |

