13:09 Истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст | |
|
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии истеҳсол дар обанборҳои вилояти Хатлон сурат гирифтаст, ки аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҳамин минтақа амал мекунанд. Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 маблағи умумии моҳии сайдшуда ба 61,2 млн сомонӣ расидааст, ки 19,6% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта аст. Ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 2 ҳазору 021,4 тоннаро ташкил дода, аз нисф зиёди он ба вилояти Хатлон (ҳудуди 1,1 ҳазор тонна) рост омадааст. Дар вилояти Суғд 481 тонна ва Ваҳдат (НТМ) - ҳудуди 426 тонна моҳӣ сайд шудааст. Байни навъҳои моҳӣ аз ҳама бештар намуди пешониғафси сафед (толстолобик) 690 тонна, гулмоҳӣ - 41 тонна, амури сафед - 236 тонна ва зағорамоҳӣ (сазан) сайд шудааст. Ҳаҷми сайди дигар навъҳои моҳӣ 447 тоннаро ташкил додааст.
| |
|
| |
| Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0 | |
