05:30
Духтари 17-сола дӯстдоштаи худро, ки ду сол аз ӯ калонтар аст, ба ғуломӣ фурӯхт.

Дар Чин духтари 17-сола дӯстдоштаи 19-солаашро ба фиребгарони Мянмар ба маблағи 14 ҳазор доллар ҳамчун ғулом фурӯхтааст. Дар ин бора нашрияи “Thaiger” хабар додааст. Ба иттилои нашрия, ҷавон ва духтар дар бильярдхона шинос шудаанд. Дар ҷараёни сӯҳбат духтар аз волидайни сарватмандаш дар Мянмар фахр карда, ба ҷавон ваъда додааст, ки дар ёфтани кор кумак мекунад. Ҷавон, ки дар “азоби муҳаббат” монда буд, ба ин розӣ шуда, дар моҳи феврали имсол бо дӯстдоштааш ба Бангкок рафтааст. Сипас онҳо ба сӯи марзи Таиланд ва Мянмар роҳ пеш гирифтаанд, аммо дар роҳ бо ҳам муноқиша кардаанд. Дар ин лаҳза ба ҷавон шахсони мусаллаҳ ҳамла карда, телефони мобилӣ ва шиносномаашро кашида гирифтаанд. Дар давоми чор моҳи баъдӣ ҷавон дар асорат нигоҳ дошта шудааст. Мӯйҳояшро мунтазам тарошида, ӯро маҷбур кардаанд, ки ба фиребгарии онлайн машғул шавад. Дар сурати иҷро накардани меъёрҳо, бо чӯбдасти оҳанин ба камараш мезаданд. Дар натиҷаи шиканҷаҳои доимӣ, ҷавон зиёда аз 10 килограмм вазн гум карда, қисман қобилияти шунавоиро аз даст додааст. Дар ин миён, ҳамлагарон бо хонаводаи ҷавон тамос гирифта, 48 ҳазор доллар товон талаб кардаанд. Дар давоми чор моҳ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ шуда, ҷавон озод гардидааст. Дар он вақт духтар дар Таиланд истироҳат мекард ва ҳангоми бозгашт ба Чин дастгир шудааст. Ба ӯ дар фиребгарӣ ва қочоқи инсон айб эълон карда шудааст. “Ӯ ҳамагӣ 17-сола аст. Кӣ гумон мекард, ки вай ба чунин бадкирдорӣ даст мезанад? Ақл бовар намекунад, ки вай қодир ба чунин корҳои нангин аст”, - мегӯяд хоҳари ҷабрдида.


Хонданд: 21 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user