06:27
Тақсими "ШОҲНОМА" оғоз шуд.

Тақдими китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ  аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон (ВМКБ) оғоз шуда, ҳоло тақсими он дар навоҳии минтақаи Рашт идома дорад. Ба ҳар оила як ҷуфт китоб, ки ду ҷилди 1200-саҳифаиро дарбар мегирад, тақдим мешавад.

Ба иттилои Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули тақсими китоб дар минтақаи Рашт аст, аллакай дар навоҳии Лахшу Тоҷикобод китоб тақсим шуда, ҳоло тақсимот дар ноҳияи Рашт идома дорад. Интизор меравад, ки баъдан дар навоҳии Нуробод, Сангвор, Роғун ва Файзобод китоби “Шоҳнома” ба мардум тақдим гардад.

"Ӯ гуфт, “дар водии Рашт беш аз 20 ҳазор ҷуфт китоб ба аҳолӣ тақдим мегардад”.

Маълум нест, ки теъдоди китоби то имрӯз нашршуда дар умум чӣ қадар аст. Ба эҳтимоли қавӣ, тақдими китоб ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо навбат идома меёбад.

Қаблан, аз Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, бо нашри теъдоди кофии “Шоҳнома” дастури алоҳида ба тавсиб мерасад ва он “то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад”.

Бояд гуфт, дастур дар бораи нашр ва тақдими ройгони китоби “Шоҳнома” ба аҳолии кишвар моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ироа гардида буд.

Моҳи июни соли ҷорӣ аз Вазорати фарҳанг гуфта буданд, таҳияи китоб пурра ба анҷом расида, он дар ду ҷилд дар марҳилаи нашр аст.

Гуфта мешуд, ки ба далели ҳаҷман бузург будани асар ва зиёд будани теъдоди нашр, чопи он вақти зиёд талаб мекунад ва бо нашри теъдоди муайян тақсими он шурӯъ мешавад.

Қаблан, Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо гуфта буд, барои чопу тавзеҳи китоб дар академия гурӯҳи махсуси корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажӯҳ таъсис ёфт ва ин гурӯҳ “дар муҳлати пешниҳодшуда... ду ҷилди бузурги 1200-саҳифаиро ба нашриёт барои нашр супорид”.

Гуфта мешавад, ки матни асар мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар оила дастрас гардида буд.


Хонданд: 39 | Муаллиф: imruz | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user