05:25 Дар Тоҷикистон акнун шахсоне, ки ба фолбину сеҳргар муроҷиат мекунанд, сахттар ҷазо дода мешаванд. | |
|
Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки истифода аз хизматҳои фолбину сеҳргарон ва ҷодугарон манъ карда шуда, барои ин амал ҷарима ҷорӣ гардад. Ҳукумат пешниҳод дорад, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди “Истифода аз хизматҳои сеҳргар, фолбин ё ҷодугар” илова карда шавад. Тибқи ин тағйирот, шахсоне, ки ба сеҳргар, фолбин ё ҷодугар муроҷиат мекунанд, ба андозаи аз 5 то 10 баробари ҳадди ақали маош (БҲМ), яъне тақрибан 40–80 доллар, ҷарима хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки дар давоми соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон назорат бар фаъолияти афроди машғул ба амалиётҳои эзотерикиро пурзӯр кардааст. Тобистони соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки шаҳрвандоне, ки ба фолбину сеҳргарон муроҷиат мекунанд, ба мақомоти давлатӣ даъват шуда, ном ва аксҳояшон ба пойгоҳи махсуси иттилоот ворид карда мешаванд. Вазорат ин амалро бо мақсади “наҷот додани” мардум аз фолбину сеҳргарон ва дар ниҳоят маҳдуд кардани фаъолияти онҳо шарҳ дода буд. Шумораи дақиқи афроде, ки ба фолбину сеҳргарон муроҷиат кардаанд ва ё ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест. Дар соли 2024 низ ҷазо барои фаъолияти фолбинӣ ва сеҳргарӣ пурзӯр шуда буд. Парлумон ба қисми дуюми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, ҷарима барои аҳолӣ то 80–100 баробар афзоиш ёфт ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 рӯз илова шуд. Қаблан дар ин модда танҳо ҷаримаи 60–100 баробар пешбинӣ шуда буд. Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ ислоҳот ворид карда шуд. Тибқи он, агар шахс пас аз гирифтани ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол боз ба фолбинӣ ё сеҳргарӣ машғул шавад, ба андозаи 1500–2000 баробари баҳодиҳии ҳисоб (тақрибан 12–16 ҳазор доллар) ҷарима ё аз 1 то 2 соли маҳрумият аз озодӣ муҷозот мешавад. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 495 ҳолати фолбинӣ ва сеҳргарӣ ошкор шудааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон 1500 нафар бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳргарӣ боздошт гардидаанд. | |
|
| |
| Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0 | |
