06:07
Дар Хитой роботи таваллудкунандаи фарзанд ихтироъ шуда истодааст.

Дар Чин корҳо оид ба сохтани роботи қобили ҳомиладорӣ идома доранд. Дар ин бора “ChosunBiz” хабар додааст.

Ба иттилои нашрия, ширкати Kaiwa Technology нақша дорад, ки дар соли 2026 барои аввалин бор дар ҷаҳон роботи гуманоидиро муаррифӣ кунад, ки қодир ба тақлиди ҳомиладорӣ ва ҳамли ҷанини инсон бошад.

Лоиҳа ба ҳалли мушкилоти коҳиши сатҳи таваллуд ва афзоиши бенаслӣ дар кишвар нигаронида шудааст. Ба гуфтаи асосгузори ширкат, технологияи бачадони сунъӣ аллакай ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ки робот метавонад тамоми раванди аз тухмгузаронидан то таваллудро такрор кунад. Арзиши он тақрибан 14 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Асоси лоиҳа ба технологияи бачадони сунъӣ такя мекунад: дар капсулаи махсусе, ки бо моеъи амниотикӣ пур шудааст, ҷанин аз манбаъҳои беруна моддаҳои ғизоӣ гирифта, инкишоф меёбад.

Ба гуфтаи доктор Чжан Цифэн, доктори фалсафа аз Донишгоҳи технологии Наньян дар Сингапур, технологияи бачадони сунъӣ аллакай ба сатҳи баланди рушд расидааст. Акнун онро метавон ба ковокии шиками робот ворид кард, то инсон ва робот дар тамос бошанд ва ҳомиладориро ба вуҷуд оранд, ки инкишофи ҷанин дар дохилро таъмин мекунад.

Ин усули инкубатсия аллакай дар ҳайвонот озмоиш шудааст: дар соли 2017 олимони амрикоӣ бо истифода аз бачадони сунъӣ тавонистанд як барраи пеш аз мӯҳлат таваллудшударо бомуваффақият ба воя расонанд. Аммо ба андешаи мутахассисон, барои такрори комили ин раванд бо ҷанини инсон, технологияро бояд боз ҳам такмил дод.
Хонданд: 26 | Муаллиф: idris | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user