06:06
Роналду ба дӯстдухтараш пешниҳоди издивоҷ кард.

Клуби “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва ҳамлагари тими миллии Португалия, ситораи 40-сола Криштиану Роналду ба дӯстдоштааш Жоржина Родригес пешниҳоди издивоҷ кард. Дар ин бора Родригес дар саҳифаи Instagram-и худ хабар дод.

Дӯстдоштаи чандсолаи Роналду дар саҳифааш акси худро бо ангуштарини алмосдор нашр кардааст.

“Бале, ман мехоҳам. Ин дар ҳаёти ман ва дар тамоми ҳаётҳоям”, - навиштааст Родригес ва дар акс Роналдуро нишон додааст.

Барои маълумот, ин ҷуфт аз соли 2016 дар муносибатанд ва 5 фарзандро тарбия мекунанд (Криштиануи хурд, дугоникҳо Ева ва Матео, инчунин ду духтар: Алана Мартина ва Белла Эсмеральда).

Роналду дар моҳи июни соли ҷорӣ шартномаашро бо “Ал-Наср” то соли 2027 тамдид кард. Ӯ қаҳрамони Аврупо (2016) ва дар ҳайати тими миллии Португалия ду бор ғолиби Лигаи Миллатҳои UEFA аст. Дар тӯли фаъолияти футболбозиаш, ин ҳамлагар барои клубҳои “Спортинг”-и Португалия, “Манчестер Юнайтед”-и Англия, “Реал Мадрид”-и Испания ва “Ювентус”-и Италия бозӣ кардааст.
Хонданд: 22 | Муаллиф: idris | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user