05:00
Дар Самарқанд афроди тадбиркорро бараҳна карда, шиканҷа додаанд, боздошт шуданд.

Дар ноҳияи Паяриқи вилояти Самарқанд афроди тадбиркорро латукӯб карда, таҳдид намуда ва аз онҳо пул талаб мекардаанд, дастгир шуданд. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии вилоят хабар дод.

Тибқи иттилоъ, дар доираи чорабиниҳои таъҷилии профилактикии “Юрти бехатар ва солим” кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Паяриқ бо иттилои ба даст овардашуда муайян карданд, ки шаҳрванд Ж.А., таваллудаш соли 1983, ки қаблан 5 бор тибқи моддаҳои 104 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба бадан), 277 (Авбошӣ), 109 (Қасдан расонидани зарари сабук ба бадан) ва 219 (Муқобилият нишон додан ба намояндаи ҳокимият ё шахси иҷрокунандаи вазифаи шаҳрвандӣ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳкум шуда буд, ҳамроҳи шарики ҷиноии худ, шаҳрванд Б.О., таваллудаш соли 1996, ки қаблан тибқи моддаи 169 (Дуздӣ) маҳкум шуда буд, бо мақсади ба даст овардани даромади моддӣ бо роҳи ҷиноӣ ба тадбиркорон тӯҳматҳои мухталиф ташкил карда, ба онҳо фишори равонӣ ва ҷисмонӣ расонидаанд.
Дар ҷараёни корҳои тафтишоти фаврӣ муайян карда шуд, ки Ҷ.А. дар бинои ҷамъияти масъулияташ маҳдуд, ки ба ӯ тааллуқ дорад, офис ташкил карда, шаҳрвандони ноҳияро бо туҳматҳои гуногун ба ин офис оварда, онҳоро бараҳна карда, латукӯб намуда, ин ҳолатҳоро ба навор гирифтааст. Баъдан, бо таҳдид ба паҳн кардани ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷабрдидагон маблағ ва дигар арзишҳои моддиро ба даст овардааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ, шаҳрванде бо номи Б.О. боздошт гардид. Дар вақти кофтуков дар назди ӯ маводи мухаддир бо вазни тахминан 3 грамм ёфт шуда, ин ҳолат ба таври дахлдор ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, дар ҳузури шоҳидон телефони мобилии ӯ тафтиш карда шуда, дар хотираи телефон наворе ёфт шудааст, ки дар он Ҷ.А. ва Б.О. шаҳрвандонро бо занҷир латукӯб ва таҳқир менамоянд.

Баъдан чорабиниҳои фаврӣ идома дода шуда, Ҷ.А. низ боздошт гардид. Дар вақти тафтиши офисаш, дар он ҷо занҷирҳои металлӣ ва дигар ашёҳо, ки барои шиканҷа додани шаҳрвандон истифода мешуданд, ёфт шуда, ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардиданд.

Ба иттилоъ дода мешавад, ки оид ба ин ҳолат аз ҷониби шуъбаи тафтишотии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пайариқ бо моддаҳои 112 (Таҳдид бо қатл ё зӯроварӣ), 276 (Тайёр кардан, нигоҳ доштан ё интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир бидуни мақсади фурӯш), ва 277 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Хонданд: 24 | Муаллиф: idris | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user