05:18
Саги безебтарин дар дунё 5000 доллар бурд кард.

Дар ИМА мавсими соли 2025-уми мусобиқаи “Саги зишттарини дунё” баргузор шуд ва соҳиби саги ғолиб 5000 доллар мукофот гирифт. Дар ин бора “The New York Times” хабар дод.

Петуния, ки омехтаи сагҳои булдоги фаронсавӣ ва англисӣ буда, бепашм аст, дар мусобиқа ғолиб шуд.

Петуния аз иёлати Орегон ба мусобиқа омада буд. Ӯ бо табииияти худ тамошобинон ва доваронро “мафтун кард”.
Барои пирӯзӣ, Петуния 5000 доллар мегирад ва дар барномаи “Today”-и шабакаи NBC News иштирок мекунад.

“Дар ин мусобиқа бепашм будан, дандонҳои номунтазам, чашмони зишт – инҳо на нуқсон, балки нишонаҳои ифтихор мебошанд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ин саг қаблан дар ҳавлии шахсе, ки бо сагҳои зотӣ машғул буд, зиндагӣ мекард, ба ҷарроҳӣ ниёз дошт, аммо шароити муътадили зиндагӣ надошт. Саг бо ёрии паноҳгоҳи Luvable Dog Rescue хонаи нав ёфт ва табобати заруриро гирифт.
Категория: Мировые | Хонданд: 17 | Муаллиф: idris | Рейтинг: 0.0/0

Ҳамагӣ эзоҳҳо: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user