05:57 “Тӯби тиллоӣ” 30 барои довталабони футболбози пурқувват эълон карда шуд. | |
![]() Ба иттилои нашрия, дар рейтинги Топ-30 бештарин намояндагон аз тими ПСЖ (9 нафар) ворид шудаанд, ки ин натиҷа бо рекорди соли 2018, ки аз ҷониби “Реал Мадрид” гузошта шуда буд, баробар аст. Ҳамчунин, ин клуб бо ин рекорд ба таърихи Фаронса ворид шуд. Яъне, “парижиҳо” барои аввалин бор дар таърихи кишвар лигае шуданд, ки бештарин намоянда дорад. Дар рӯйхат инчунин аз “Барселона” 4 нафар, аз “Реал Мадрид” ва “Ливерпул” 3-нафарӣ футболбоз ҷой гирифтаанд. Қобили зикр аст, ки дар рӯйхат ягон футболбозе, ки қаблан ин ҷоизаро ба даст оварда бошад, вуҷуд надорад, бинобар ин, мисли соли 2024, ин бор низ ғолиби нав муайян хоҳад шуд. Бо рӯйхати пурраи таркиб дар зер метавон шинос шуд: 1. Жуд Беллингем “Реал Мадрид” (Испания) 2. Усмон Дембеле ПСЖ (Фаронса) 3. Жанлуижи Доннарумма ПСЖ (Фаронса) 4. Дезире Дуэ ПСЖ (Фаронса) 5. Дензел Дюмфрис “Интер” (Италия) 6. Серу Гирасси “Боруссия Дортмунд” (Олмон) 7. Виктор Гёкереш “Спортинг” / “Арсенал” (Португалия / Англия) 8. Эрлинг Ҳоланд “Манчестер Сити” (Англия) 9. Ашраф Ҳакими ПСЖ (Фаронса) 10. Ҳарри Кейн “Бавария” (Олмон) 11. Хвича Кварацхелия “Наполи” / ПСЖ (Италия / Фаронса) 12. Роберт Левандовски “Барселона” (Испания) 13. Алексис Мак Аллистер “Ливерпуль” (Англия) 14. Лаутаро Мартинес “Интер” (Италия) 15. Килиан Мбаппе “Реал Мадрид” (Испания) 16. Скотт Мактоминей “Наполи” (Италия) 17. Нуну Мендеш ПСЖ (Фаронса) 18. Жоау Невеш ПСЖ (Фаронса) 19. Майкл Олисе “Бавария” (Олмон) 20. Коул Палмер “Челси” (Англия) 21. Педри “Барселона” (Испания) 22. Рафинья “Барселона” (Испания) 23. Деклан Райс “Арсенал” (Англия) 24. Фабиан Руис ПСЖ (Фаронса) 25. Муҳаммад Салаҳ “Ливерпуль” (Англия) 26. Виржил ван Дейк “Ливерпуль” (Англия) 27. Винисиус Жуниор “Реал Мадрид” (Испания) 28. Витинья ПСЖ (Фаронса) 29. Флориан Виртс “Байер Леверкузен” / “Ливерпуль” (Олмон / Англия) 30. Ламин Ямаль “Барселона” (Испания) Ёдовар мешавем, ки маросими супурдани ҷоизаи “Тӯби тилло” рӯзи 22 сентябри соли ҷорӣ дар театри “Шатле”-и шаҳри Париж баргузор мешавад. Ғолиб тавассути раванди овоздиҳӣ муайян мегардад. Дар ин раванд аз 100 кишвари пурқувват дар рейтинги FIFA якнафарӣ рӯзноманигор иштирок мекунад. | |
|
Всего комментариев: 0 | |