04:59 «Тоттенҳэм» ҷойи Сонро бо ҳамлагари «Реал» пур кардан мехоҳад | |
![]() Клуби “Тоттенҳэм”-и Англия ба наздикӣ пас аз тарки даста кардани Сон Ҳён Мин ният дорад, ки ҳамлагари “Реал Мадрид” Родригоро ба ҷои ӯ биёрад. Клуб барои ин вингери бразилӣ омода аст, ки беш аз 60 миллион евро пешниҳод кунад. Дар ин бора нашрияи “Goal” хабар додааст. Тавре қайд шудааст, Родриго эҳтимол “Реал Мадрид”ро тарк кунад. Сон бошад ба дастаи “Лос Анжелес”-и ИМА гузашт. Аз ин рӯ, “Тоттенҳэм” барои Родриго пешниҳоди 60 миллион евро омода мекунад. Ба иттилои нашрия, Родриго ҳоло дар омодагиҳои кӯтоҳмуддати пеш аз мавсим бо клуб идома медиҳад, аммо то баста шудани тирезаи трансфер ояндаи ӯ номаълум аст. Барои иттилоъ, ин футболбози бразилӣ аз тобистони соли 2019 дар “Реал Мадрид” бозӣ мекунад ва дар беш аз 270 бозӣ ба майдон баромада, 68 гол зада ва 51 партофти голӣ анҷом додааст. Ӯ бо “Реал” се бор Ла Лига, як бор Copa del Rey ва ду бор Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст. Ёдовар мешавем, пас аз анҷоми ин мавсим, дар “Клуби Шоҳона” мураббии асосӣ иваз шуд. Истъфои мураббии афсонавии даста Карло Анчелотти эълон гардид ва собиқ нимҳимоятгари клуб Хаби Алонсо ба ҳайси мураббии асосӣ таъйин шуд. | |
|
Всего комментариев: 0 | |