19:03
Дар Нукус миқдори рекордӣ пули алимент пардохт шуд
Дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қарақалпоғистон як шаҳрванд барои як фарзандаш 2,2 миллиард сўм алиментро дар як рӯз пардохт карда, рекорд гузошт. Дар ин бора котиби матбуотии Бюрои иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Қарақалпоғистон Фаррух Тошпўлатов ба IMRUZ.UZ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ҳуҷҷати иҷроии Суди байналмилалии умури шаҳрвандии Нукус, аз қарздор А.Б. ба манфиати собиқ ҳамсараш барои таъминоти як фарзандаш то ба синни балоғат расидан алимент ситонида шудааст.

Ин ҳуҷҷати иҷроӣ ба шуъбаи шаҳри Нукуси Бюрои иҷрои маҷбурӣ ворид шуда, аз ҷониби иҷрочиёни давлатӣ амалиёти иҷроӣ анҷом дода шудааст. Дар ҷараёни амалиёти иҷроӣ, қарздор ба шуъбаи шаҳри Нукуси Бюрои иҷрои маҷбурӣ омада, хоҳиши худро барои пешпардохти маблағи алимент барои фарзандаш то 18-солагӣ баён кардааст.

Дар ин ҳолат, ба қарздор мувофиқи қарори Девони Вазирон таҳти №808 “Дар бораи тасдиқи низомномаи тартиби пардохти пешакии алимент ва инчунин бастаи шартномаи гарав барои таъмини уҳдадории пардохти алимент” тавзеҳ дода шуд, ки вай метавонад маблағи алименти лозим барои пардохт то ба синни балоғати фарзандашро пешакӣ пардохт кунад. Маблағи алимент барои 13 соли оянда ҳисоб карда шуд, ки 2 миллиард 270 миллион 812 ҳазор сўмро ташкил дод.

Сипас, ундирувчӣ ба шуъбаи шаҳри Нукуси Бюрои иҷрои маҷбурӣ омада, тасдиқ кард, ки маблағи алименти зиёда аз 2 миллиард сўмро аз собиқ ҳамсараш гирифта, расид додааст.

Аз ҷониби Бюрои иҷрои маҷбурӣ сабаби ҳисоб шудани маблағи пешпардохти алимент дар ин миқдори бузург низ ошкор карда шуд. Тавре қайд шудааст, бар асоси қарори суд, пардохти алимент аз ҳисоби маоши моҳона ва даромадҳои қарздор ситонида мешавад, аз ин рӯ, маблағи пешпардохт бо сабаби зиёд будани маоши қарздор дар ин сатҳ муқаррар шудааст.

Тавре маълум шуд, ин маблағи пардохтшуда барои алимент дар таърихи Бюрои иҷрои маҷбурӣ рекорди беназир ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, қаблан дар вилояти Андижон хабар дода шуда буд, ки кормандони Бюрои иҷрои маҷбурӣ барои ситонидани пул аз қарздор нақши духтари ҷавонро бозида, “дидори махсус” ташкил карда буданд.
Категория: Мировые | Просмотров: 6 | Добавил: idris | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user