19:00 Ду духтар дар обанбори "Оҳангарон" ғарқ шуданд. | |
Дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошкент ду духтар дар обанбор ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ба дархости IMRUZ.UZ котиби матбуотии Прокуратураи генералӣ Ҳаёт Шамсутдинов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 28 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди маҳаллаи “Чинор”-и ноҳияи Оҳангарон, дар обанбори “Оҳангарон” духтарони соли таваллуди 2006 П.Д., соли таваллуди 2009 Д.А. ва соли таваллуди 2006 Э.Н. барои оббозӣ рафтаанд. Ҳангоми оббозӣ дар соҳили обанбор, П.Д. ва Э.Н. ба об ғарқ шудаанд. Дар пайи ин ҳодиса, кормандони шуъбаи ноҳияи Оҳангарони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар ҷараёни кофтуков рӯзи 28 июл, соати 20:00 ҷасади П.Д.-ро ва як рӯз баъд, 29 июл, соати 08:50 ҷасади Э.Н.-ро пайдо кардаанд. Барои муайян кардани сабабҳои марг ташхиси тиббии судӣ таъйин шудааст. Ҳоло прокуратураи ноҳия амалиёти тафтиши пеш аз парвандаро анҷом медиҳад. Ёдовар мешавем, қаблан дар соҳили воқеъ дар ҳудуди боғи “Янги Ўзбекистон” дар шаҳри Тошкент як ҷавон ба об ғарқ шуда буд. Ӯ пеш аз расидани ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса вафот кардааст. | |
|
Всего комментариев: 0 | |