06:08
Метеорит метавонад ба замин борад – тадқиқот
Олимон пешгӯӣ карданд, ки бар асари бархӯрди астероид бо Моҳ, дар Замин борони метеорӣ борида метавонад. Дар ин бора “Fox Weather” хабар дод.

Ба ақидаи олимони канадагии Донишгоҳи Ғарбии Онтарио ва Донишгоҳи Атабаска, эҳтимолияти 4 фоиз вуҷуд дорад, ки дар соли 2032 астероиди 2024 YR4, ки ба як бинои 15-ошёна баробар аст, ба нимкураи ҷанубии Моҳ бархӯрад.

Мутахассисон ҷисми кайҳонии бо диаметри аз 53 то 67 метрро бо истифода аз телескопи “Ҷеймс Уэбб” омӯхтанд. Тибқи тадқиқот, агар астероид ба Моҳ бархӯрад, кратере бо диаметри зиёда аз ним мил ба вуҷуд меояд, ки ин бузургтарин зарба дар тӯли тахминан 5000 сол хоҳад буд. Инфиҷор миқдори зиёди сангҳои Моҳро ба кайҳон мепартояд, ки қисме аз онҳо ба сӯи Замин парвоз мекунанд.

“Борони метеории ба даст омада метавонад чанд рӯз идома ёбад ва ҳайратангез бошад, ҳарчанд теъдоди метеорҳои намоён бо сабаби суръати вуруд ба атмосфера ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст,” – омадааст дар баёнияи гурӯҳи тадқиқотӣ.

Ба гуфтаи олимон, зарраҳои сангӣ метавонанд “барои киштиҳои кайҳонии дар атрофи Моҳ гардиш мекунад, ба мисли Lunar Gateway-и NASA хатари ҷиддӣ” ва барои ҳар гуна амалиётҳо дар сатҳи Моҳ “хатари ҳатто бузургтар” эҷод кунанд. Онҳо ҳамчунин барои ҳазорон моҳвораҳои дар мадори пасти Замин қарордошта мушкилот пеш меоранд. Зарраҳои хурд онҳоро дар тӯли чанд моҳ бомбаборон мекунанд, аммо зарари ҷиддӣ интизор нест.

Тавре зикр шудааст, мутахассисон метавонанд пешгӯиҳои дақиқ дар бораи бархӯрдро танҳо дар соли 2028, вақте ки астероид аз паси Офтоб пайдо мешавад, ироа кунанд.
Категория: Мировые | Просмотров: 12 | Добавил: idris | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 1
avatar
0
1 idris • 13:32, 05.08.2025
cry cry cry
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user