16:04 Дар Арабистони Саудӣ як аттраксион бо одамон ба замин афтид. | |
![]() Тавре ки гузориш дода мешавад, ҳодиса дар шаҳри Тоиф рух додааст. Як гурӯҳ духтарон дар аттраксионе, ки ба ду самт ҷунбиш мекард, савор буданд. Дар наворҳое, ки аз ҷои ҳодиса сабт шудаанд, дида мешавад, ки "маятник" ба баландӣ баромада, сипас ба поён ҳаракат мекунад, вале ногаҳон меафтад. Дар натиҷа, 23 нафар захм бардоштаанд. “Зарардидагон барои расонидани кӯмаки тиббии зарурӣ ба беморхона интиқол дода шуданд,” — омадааст дар хабар. Дар се нафар ҷароҳатҳои вазнин ташхис шудаанд. Ба гуфтаи хешовандони ду нафар аз осебдидагон, онҳо феълан дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Сабаби аслии вайрон шудани аттраксион то ҳол маълум нест. Баъд аз ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. | |
|
Всего комментариев: 0 | |