Ҳафтаи гузашта дар ИМА кӯдаке аз эмбриони соли 1994 ба дунё омад
Дар охири ҳафтаи гузашта дар иёлати Теннесии Иёлоти Муттаҳида кӯдаке аз эмбрионе, ки соли 1994 ях карда шуда буд, ба дунё омад. Дар ин бора нашрияи MIT Technology Review хабар дод.
Ба навиштаи ин манбаъ, падару модари кӯдак — Линдси ва Тим Пирс, як ҷуфти оилавӣ мебошанд, ки ин эмбрионро аз зани дигар бо номи Линда Арчерд “ба фарзандхонӣ гирифтаанд”. Линда Арчерд ҳамон сол таҳти амалиёти бордоркунии сунъӣ (ЭКО) қарор гирифта, табибон тавонистанд чор эмбрион ҳосил кунанд. Яке аз онҳо ба бачадони ӯ кӯчонида шуд, ва се тои дигар криоконсервация гардида, яъне дар ҳолати яхкардашуда нигоҳ дошта шуданд.
Ин эмбрионҳо дар тӯли даҳсолаҳо нигоҳ дошта шуданд ва Арчерд барои нигаҳдории онҳо ҳар сол тақрибан 1000 доллари амрикоӣ пардохт мекард. Пас аз гузашти солҳо ва расидан ба синни зиёда аз 60, ӯ қарор кард, ки ин эмбрионҳоро ба дигар оилаҳо бидиҳад. Ба навиштаи MIT Technology Review, бисёре аз клиникаҳои ИМА аз кор бо чунин эмбрионҳо худдорӣ карданд, зеро онҳо бо технологияҳои кӯҳна ях карда шуда буданд ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуданд.
Кӯдаки таваллудшуда аз тарафи MIT Technology Review ҳамчун "кӯдаки аз ҳама солхӯрда" дар таърих зикр шуд. Падару модари тарбиявии ӯ — Линдси ва Тим Пирс — дар тӯли ҳафт сол кӯшиш мекарданд, ки соҳиби фарзанд шаванд, вале муваффақ нашуданд. Дар ниҳоят, онҳо ба барномаи фарзандхонии бо номи Open Hearts ҳамроҳ шуданд ва имкони дарёфти ин эмбрионро пайдо карданд.
Линда Арчерд, модари биологӣ, изҳор доштааст, ки ҳоло нияти мулоқот бо кӯдакро надорад, аммо таваллуд шудани ӯро "орзуи амалӣшуда" номидааст.
|