Главная
Статьи
Блог
Галерея
Видео
О нас
Форум
Отзывы
Контакты
Сайты
Колесо Фортуны
Вход
|
Регистрация
Find us on social media
Искать
Вход
|
Регистрация
05:08
Дар Туркия зани ӯзбектаборе, ки ба ҳайси пешхизмат кор мекард, кушта шуд
Дар Туркия зани ӯзбектаборе, ки ба ҳайси пешхизмат кор мекард, кушта шуд
Ҷасади марҳуми 35-сола ба Ӯзбекистон фиристода мешавад.
Рӯзи 5 июли соли 2025 шаҳрванди 35-солаи Ӯзбекистон, ки дар як муассисаи хӯрокворӣ дар вилояти Айди Туркия ба ҳайси пешхизмат кор мекард, бар асари тирпарронӣ дар пайи муноқишаҳои шахсӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Панҷ нафари гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят боздошт шудаанд.
Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул ва Намояндагии Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии назди Девони вазирон дар Туркия барои фиристодани ҷасади фавтида ба Ӯзбекистон, инчунин расонидани ёрии зарурии консулӣ ва моддӣ ба хешовандони ӯ чораҳои дахлдор андешида истодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ин вазъро таҳти назорати махсус гирифтааст.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz
1
2
3
4
5
Категория:
Разные
|
Просмотров:
4
|
Добавил:
idris
|
Рейтинг:
0.0
/
0
Всего комментариев:
0
Войдите:
Отправить сообщение