Як нафар дар Ҳиндустон, ки барои изҳори муҳаббат ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, пас аз ҳашт соли ҳодиса сафед шуд, хабар медиҳад Times of India.
Ба навиштаи нашрия, Додгоҳи олии Бомбей як ҷавони 25-соларо ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ барои изҳори муҳаббат ба духтари 17-сола дар соли 2017 сафед кардааст.Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки агар амал дорои мазмуни равшани шаҳвонӣ ё рафтори мувофиқ набошад, б
Тибқи ҷузъиёти ин ҳодиса, соли 2015 як духтари синфи 11-ум ҳамроҳи ҷиянаш дар кӯча мегузашт, ки марде онҳоро боздошт ва дасти ӯро гирифта, "ман туро дӯст медорам" гуфтааст. Баъдан пулис алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард ва дар соли 2017 додгоҳ ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард. Мард аз ин қарор шикоят кард.аёни эҳсосоти оддиро хушунат номидан мумкин нест.
Вакили мудофеъи ин мард иддаъо кардааст, ки дар аъмоли зерҳимояаш ҳеҷ гуна иртибот, зӯроварии ҷисмонӣ ва унсурҳои шаҳвонӣ вуҷуд надорад. Додгоҳ иттиҳомро беасос донист ва ӯро сафед кард.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz