04:56 Мбаппе дар ИМА ба беморхона хобонида шуд | |
![]() "Футболбози мо Килиан Мбаппе аз бемории гастроэнтерити шадид ранҷ мекашад ва барои гузаштани як қатор ташхисҳо ва муолиҷаи мувофиқ ба бемористон бистарӣ шудааст", — омадааст дар хабари клуб. Ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе дар Амрико бистарӣ шуд. Барои маълумоти шумо, бозигари 26-сола дар даври аввали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо бо тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ба далели вазъи саломатиаш иштирок накард. «Реал Мадрид» сабқатро дар ИМА бо мусовӣ (1:1) оғоз кард. Рӯзи 22-юми июн «қаймоқҳо» дар даври дуюм бо бошгоҳи «Пачука»-и Мексика бозӣ мекунанд. | |
|
Всего комментариев: 0 | |