Сиренаҳои ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари Исроил садо доданд ва дар шаҳри Тел-Авив садои таркишҳо шунида шуд.
Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) шоми 13 июн эълон карданд, ки Эрон мушакҳои баллистикӣ ба сӯи Исроил партоб кардааст.
"Системаҳои дифоъӣ барои рафъи хатар кор мекунанд. Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар манотиқи амн паноҳ ҷӯянд ва то огоҳии минбаъда дар онҷо бимонанд", - омадааст дар изҳороти IDF.
Эрон ба сӯи Исроил тақрибан 100 мушак партоб кард, хабар медиҳад The Times of Israel бо такя ба як манбаи низомӣ.
Сиренаҳои ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари Исроил садо доданд.
Ҳамзамон дар Тел-Авив садои таркишҳо пас аз ҳамлаи мушакии Эрон шунида шуд, хабар медиҳад Reuters.
Баъди зарбаи мушакӣ дар болои Тел-Авив дуд баланд шуд, хабар медиҳад The Times of Israel.
Тибқи иттилоъи IDF, Эрон ба сӯи Исроил даҳҳо мушаки баллистикӣ партоб кардааст.
Дар бораи талафот хабаре нест.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz