11:52 Зане, ки духтаронро ба танфурӯшӣ маҷбур мекард, ба Тошканд истирдод шуд | |
![]() Гуфта мешавад, ин зан бо ваъдаи маоши баланд ба духтарон бо мақсади фурӯш ва истисмор онҳоро ба Туркия бурдааст. Дар он ҷо шиносномаи духтаронро мусодира карда, онҳоро маҷбур кардааст, ки ба танфурӯшӣ машғул шаванд. Ба шарофати ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои фаврии Дафтари марказии миллии Интерпол дар ду кишвар амалиёти муштарак бомуваффақият анҷом дода, зан боздошт ва ба Тошканд истирдод карда шуд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон ва Туркия барои фош кардани ин гуна ҷиноятҳо фаъолона талошҳо идома доранд. Ёдовар мешавем, ки қаблан ду зане, ки таҳти назорати Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, аз Маскати Уммон ба Тошканд оварда шуда буданд. Ҳарду зан бо иттиҳоми қаллобӣ ва қочоқи инсон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. | |
|
Всего комментариев: 0 | |