23:29
Президенти ИМА Доналд Трамп 14 июни соли равон дар пойтахти Вашингтон як паради бузурги низомӣ баргузор мекунад. Дар ин бора нашрияи The Was
Instagram Telegram
Президенти ИМА Доналд Трамп 14 июни соли равон дар пойтахти Вашингтон як паради бузурги низомӣ баргузор мекунад. Дар ин бора нашрияи The Was
Президенти ИМА Доналд Трамп 14 июни соли равон дар пойтахти Вашингтон як паради бузурги низомӣ баргузор мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post хабар додааст.

Ба навиштаи нашрия, қатораҳои пур аз танкҳо, мошинҳои ҷангии пиёда ва тӯпхонаҳои вазнин аллакай ба аёлати Мэриленд наздик мешаванд. Онҳоро бо мошинҳои боркаш ба Вашингтон интиқол медиҳанд ва дар хиёбони Конститутсия раҳпаймоӣ мекунанд. Бисёр кӯчаҳои маркази шаҳр барои паради 1,5 соата чаҳор рӯз баста мешаванд. Дар маҷмӯъ 150 адад таҷҳизоти низомии заминӣ (аз ҷумла 25 тонки М1 Абрамс), 6600 сарбоз, чархбол ва 50 ҳавопаймо ширкат мекунанд.

Ба иттилои Bloomberg, парад 250-умин солгарди таъсиси артиши ИМА-ро таҷлил мекунад - ин сана ба 79-солагии зодрӯзи Трамп рост меояд. Трамп, ки дар соли 2017 дар сафари худ ба Порис як паради мушобеҳро дида буд, мехост дар давраи раёсати ҷумҳурӣ чунин як чорабинӣ баргузор кунад. Аммо ин таклиф ба сабаби зиёд будани харочот рад карда шуд. Илова бар ин, ҷомеаи Амрико ба чунин ҷашнҳо одат накардааст - онҳо бештар ба Русия, Кореяи Шимолӣ ва Чин хосанд.

Бори охир дар ИМА парадҳои низомӣ дар соли 1946 (дар Ню-Йорк, пас аз пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ) ва соли 1991 (дар Вашингтон, пас аз ихроҷи нерӯҳои ироқӣ аз Кувайт - пас аз амалиёти "Тӯфони биёбонӣ") баргузор шуда буданд.

imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!

#imruz #imruz_uz
Категория: Мировые | Просмотров: 11 | Добавил: idris | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0