Главная
Статьи
Блог
Галерея
Видео
О нас
Форум
Отзывы
Контакты
Сайты
Колесо Фортуны
Вход
|
Регистрация
Find us on social media
Искать
Вход
|
Регистрация
18:07
Рустам Ятимов - беҳтарин бозигари Суперфинали Ҷоми Русия
Рустам Ятимов - беҳтарин бозигари Суперфинали Ҷоми Русия
Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи “Ростов” Рустам Ятимов беҳтарин футболбози Суперфинали Ҷоми Русия муқобили ССКА (0:0, 3:4 пен.) гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Ростов” хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки бозии байни дастаҳои “Ростов” ва ССКА як рӯз пеш, 1-юми июн баргузор шуда буд. Вохӯриро ҳайати доварон таҳти сарварии Кирилл Левников аз Санкт-Петербург ба ӯҳда доштанд. Вақти асосии бозӣ бидуни гол 0:0 хотима ёфт.
Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ футболбозони ССКА пурзуртар буданд — 4:3. Дар дақиқаи нуҳуми бозӣ ниммуҳофизатгари “артишиҳо” Иван Обляков гол зад, лек довар Левников ба сабаби дар ҳолати офсайд мондани ҳимоятгар Мойзес голро рад кард. Голи ғалабаро дар зарбаҳои пеналтӣ ҳимоятгар Милан Гаич ба самар расонд. Ятимов дар силсилаи пеналтӣ зарбаи Игор Дивеевро баргардонид.
Ҳамин тариқ, ССКА дар таърихи худ бори нӯҳум Ҷоми Русияро ба даст оварда, шумораи ғалабаҳоро бо “Локомотив” баробар кард.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz
1
2
3
4
5
Категория:
Спорт
|
Просмотров:
9
|
Добавил:
idris
|
Рейтинг:
0.0
/
0
Всего комментариев:
0
Войдите:
Отправить сообщение