18:01
Модрич бозигари “Милан” мешавад...
Instagram Telegram
Модрич бозигари “Милан” мешавад...
Нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Лука Модрич мумкин аст ба дастаи “Милан” гузариш кунад. Дар ин бора инсайдер Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, директори нави варзишии дастаи шаҳри Милан — Игли Таре орзу дорад, ки футболбози 39-солаи хорватиро ба ҳайати “Милан” ҷалб намояд.

Ёдовар мешавем, ки “Реал Мадрид” рӯзи 22-юми май эълон кард, ки нимҳимоятгар пас аз анҷоми мавсими 2024/25 дастаи мадридиро тарк хоҳад кард. Модрич дар Чемпионати ҷаҳонии клубҳо, ки аз 15-уми июн то 13 –уми июл дар ИМА баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Модрич дар ҳайати “Реал Мадрид” 590 бозӣ анҷом дода, 43 гол зада ва 95 паси голӣ додааст. Ӯ соли 2012 аз дастаи “Тоттенҳэм” ба “Реал” гузашта буд.Нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Лука Модрич мумкин аст ба дастаи “Милан” гузариш кунад. Дар ин бора инсайдер Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, директори нави варзишии дастаи шаҳри Милан — Игли Таре орзу дорад, ки футболбози 39-солаи хорватиро ба ҳайати “Милан” ҷалб намояд.

Ёдовар мешавем, ки “Реал Мадрид” рӯзи 22-юми май эълон кард, ки нимҳимоятгар пас аз анҷоми мавсими 2024/25 дастаи мадридиро тарк хоҳад кард. Модрич дар Чемпионати ҷаҳонии клубҳо, ки аз 15-уми июн то 13 –уми июл дар ИМА баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Модрич дар ҳайати “Реал Мадрид” 590 бозӣ анҷом дода, 43 гол зада ва 95 паси голӣ додааст. Ӯ соли 2012 аз дастаи “Тоттенҳэм” ба “Реал” гузашта буд.

imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!

#imruz #imruz_uz
Категория: Разные | Просмотров: 11 | Добавил: idris | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0