17:53 Парчами Тоҷикистон дар қуллаи баландтарини Антарктида | |
![]() Бо ин иқдоми рамзӣ, ӯ на танҳо ватани худро муаррифӣ намуд, балки идеяи ҳамгироии минтақаро низ дастгирӣ кард – парчамҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ дар он ҷо парафшон шуданд. Давлатов таъкид кард, ки баъди дидан кардани таъсири тағйирёбии иқлим дар Антарктида, зарурати ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зистро боз ҳам бештар эҳсос кард. Ӯ то имрӯз ба беш аз 100 кишвари ҷаҳон сафар карда, парчами Тоҷикистонро дар нуқтаҳои гуногуни сайёра барафрохтааст. Ин сафарҳо бо мақсади муаррифии фарҳанг, табиат ва имкониятҳои сайёҳии кишвар анҷом меёбанд. Ёдовар мешавем, ки бори аввал моҳи январи соли 2009 олими тоҷик Абдулҳамид Қаюмов парчами Тоҷикистонро дар доираи экспедитсияи омӯзишӣ дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон 4892 м) парафшон карда буд. | |
|
Всего комментариев: 0 | |