17:44
⚡️Дарёфти гӯшвораи тиллоии замони Кӯшониён аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон
Instagram Telegram
⚡️Дарёфти гӯшвораи тиллоии замони Кӯшониён аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон
Бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гӯшвораи тиллоие ёфтаанд, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ, ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб аст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки “ин осори гаронбаҳо дар раванди ҳафриёти таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ, ки аз 20 май оғоз гардид, кашф шуд”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кашфиёт имкониятҳои навро барои омӯзиши тарзи зиндагонӣ ва мақоми иҷтимоии сокинони он замон равшан мекунад.

“Гӯшвора бо маҳорати баланди заргарӣ ва сатҳи баланди ҳунари бадеӣ фарқ мекунад, ки ин далели рушду такомули анъанаҳои ҳунармандии аҷдодони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад”, - навиштааст манбаъ.

Манбаъ гуфтааст, ҳоло муаяйн кардани санаи дақиқи бозёфт, таҳлили таркиби металл ва усулҳои технологии истеҳсоли он аз тарафи мутахассисон идома дорад.

“Дар марҳилаи баъдӣ, гӯшвораи мазкур ба фонди “Осорхона миллӣ” ҷиҳати таҳқиқу омӯзиш супурда шуда, дар гӯшаи “Дастовардҳои бостоншиносони Осорхонаи миллӣ” ба намоиш гузошта хоҳад шуд”, - омадааст дар хабари расмӣ.

imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!

#imruz #imruz_uz
Категория: Разные | Просмотров: 16 | Добавил: idris | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0