12:35
8-НИШОН АЗ 6-УМИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ (ГУШТӢ).
Instagram Telegram
8-НИШОН АЗ 6-УМИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ (ГУШТӢ).
Рости чандрӯз мунтазири ҳамин мусобиқа будам.Аз тарзи омодаги ва тайёри, инчунин аз корнамоии паҳлавонон, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар мешудам.Саҳари баъди тамрину машқ ба ҚАСРИ ТЕННИСИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ омадам.Омодагӣ 100%.Дар байн, майдони гуштигири хеле зебову ороста, ҷойҳо барои ҳаводорону мухлисон тайёр, паҳлавонон барои қувваозмои ташна.Шиору овезаҳо, овезаҳои электронӣ, аксу суратҳо ба гӯштии миллии мо шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшиданд.
Мӯйсафедони нуронӣ, дар сар тоқиҳои суннатӣ, Гулдухтарони атласу адрсу чаканпуш,ҷавонони парчамбадаст, аз шӯру шавқи беандозаи мардум ба гӯштии бобоии мо дарак медод.Ҳаёҳуй ва доду ғиреву кафкубии мухлисону тамошобинон, Варзишгоҳи Марказиро меларзонд.
Хостам аз нигоҳи як мухлис ва ҳаводори варзишҳои суннатӣ, фикру мулоҳизаамро дар инҷо оид ба мусобиқаи мазкур нависам.
Солҳои охир варзиши тоҷик ,хеле рушду нумӯъ карда, дар ҷараёни ташаккулу инкишоф қарор дорад,ки ин дастовардҳо, маҳз бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар,сохторҳои давлатии дахлдор,федератсияҳову ва толорҳои варзиш,муассисаҳои варзишӣ,мураббиёни ҷонфидову меҳнаткаш,варзишгарони баору номус ва волидони онҳо, соҳибкорони ватаниву хештаншинос муяссар гашта истодааст.
Ҳамаи ин хеле хубу олист.
Дар 6-умин МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ (гуштӣ) расман намояндагон ва паҳлавонони 25-давлатҳои дӯсту хамсояву ҳамҷавор дар вазнҳои 65,70,78,95 ва зиёда аз 95 ба ҳам нерусанҷӣ карданд.Бонувон танҳо дар вазни 70, қувваозмои намуданд.
Дар вазни 65 чаҳор гуштигири бонангу номуси мо, Суҳроб Боқиев,Муллораҷаб Халифаев,Сарвар Абдушукуров,Муслимбек Каримов майдондори намуда,паҳлавонони дигар давлатҳоро ба тахтапушт заданд.Рақобатҳо миёни паҳлавонони тоҷик ва ӯзбек хеле сангину тезу тунд гузашт.Ҳар чаҳор гурдони мо, аз майдони корзор талошҳои муқаддимавӣ ,то ба вохӯрии нимниҳои расиданд.Дар вохӯрии ниҳои Сӯҳроб Боқиев ва Муллораҷаб Халифаев ба ҳам рӯбарӯ омаданд.Қувваозмоиҳои Муслимбек ва Сарвар бо ҳарифонашон, хеле ҷолиб буд,вале Суҳробу Муллораҷаб аз худ маҳорати баланд нишон доданд.Талошҳои муқаддимавӣ ва баъдии Муллораҷаб Халифаев то ба вохӯрии ниҳои расидан хеле вазнину мушкил гузашт,гуё пас аз вазнпартои барқарор нашуда буд,ё ягон осеби ҷидди дошт,ва ин ҳолат баъди рақобитҳояш бар у асар кард ва Муллораҷаб ҳолаташ бад шуд,ӯро ба беморхона бурданд.Умед мекунем, ки ин паҳлавони мо саломат бошад.
Сӯҳроб Боқиев бо истифодаи усулҳои зебои гуштӣ, ба монанди паҳлуи чапу рост,ҳалуки даруна ва беруна,пой дар пой печидан,аз сари китф , усули пеши пой, бар кулли ҳарифонаш ғолиб омад ва хотири мухлисону ҳаводорони тоҷикро шод кард.ҲАЛОЛАШ БОД!
ВАЗНИ 70.
ГУРДОФАРИДОНи тоҷик Шоҳида Қаландарова ва Ҷонона Назарова дар ин вазн майдондори карданд.Дар даври аввал Шоҳида бар паҳлавон бонуи украинӣ ғолиб омад,вале гӯштии якранг ва хавотиромез гирифт,аз ҳаракатҳояш маълум буд,ки нағз омода нашудааст,аммо соҳиби медали биринҷи гашт.Муборакамон бод.Фикр мекунам,ки аз ингуна гуштигири, хулосаи даркориро мебарорад.
Ҷонона хеле ноқисона,ноустуворона гӯшти гирифт.Як усулро дар тӯли набард, гаштаву баргашта истифода кард,аммо бенатиҷа,маълум ки болои камбуди ва хатохояш кори ҷиддӣ накардааст.Назарова одатан бо тарафи чап ҳуҷум мекунад,У бояд боз ягон аксуламаро бар зидди усулу ҳуҷумҳои ҳариф аз худ кунад,то ки натиҷа ба даст орад.
Мураббӣ бояд ингуна камбудиҳои ҷиддиро ислоҳ намояд ва барои интихобу азхудкунии усулҳову аксуламалҳо бар зидди рақиб мусоидат кунад .
ВАЗНИ 78
Дар вазни мазкур, ду нафар паҳлавонони мо ба ҷойҳои ифтихори расиданд.Яке Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ва дигаре Абубакр Боқиев хеле олӣ гӯштигири карданд.
Муҳаммадшариф бо тахаллуси ХИРС бо Умеди узбекистони дар вохӯрии ниҳои шоиста рақобат кард,дар ҳақиқат қувваи хирсона дорад,панҷаҳояш хеле қавист.Ҳатто ба партофти нодурусти Умед нигоҳ накарда то охир нерусанҷӣ карда бо партофту аксуламалҳояш ҳамаро ба ҳаяҷон овард.
ВАЗНИ 95,НИГАРОНКУНАНДА.
Паҳлавонони тоҷики ин вазн хеле нигаронкунандаанд.Ҳатто паҳлавони номдори мо КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН, то ба зинаи ифтихори нарасид.Албатта Комроншоҳ варзишгари нотакрор ва хуби мост.Ба эҳтиромаш қоилем.
Бояд ин вазнро таҷдиди назар кард ва паҳлавонони ҷавону умедбахшро, ба таркиби дастаи яккачин ҷалб намуд.
ИН ЯГОНА ВАЗНЕ БУД,КИ МО НАТАВОНИСТЕМ ҲАТТО ЯК МЕДАЛИ БИРИНҶИ БА ДАСТ ОРЕМ.АФСӮС.
+95 ГАРОНВАЗНҲО.
Шукри беҳад,ки ду паҳлавонҳои номдору палангчанголи мо, тавонистанд ғолибу ҷоизадор гарданд.
Шакармаҳмад Мирмаҳмадов ду ё се ҳарифро мағлуб карда дар вохӯрии нимниҳои бо Шарифҷон Назриев дучор омад.Шарифҷонро низ аз роҳаш барканор намуда ба вохӯрии ниҳои роххат гирифт.Дар соли 2024-2025 дурахши ШАКАРМАҲМАД дигар аст
Дар финал Шакармаҳмадро Шерали Ҷӯраеви ӯзбек, яке аз паҳлавонони машҳури минтақа ва ҷаҳон мунтазир буд.
БАБРИ КУҲҲОИ ОСМОНБУС ШАКАРМАҲМАД БО ШЕРИ УЗБЕК ШЕРАЛӢ НЕРУСАНҶИ НАМУД.
Қувваҳо қариб,ки баробар буданд,вале бахт ва бартарияти кӯчак дар ШАКАРМАҲМАД БАБРИ КУҲҲОИ ОСМОНБӮСИ ТОҶИК БУД.
УМУМАН ДАСТАИ ЯККАЧИНИ ТОҶИКИСТОН БО ГИРИФТАНИ 3-НИШОНИ ТИЛЛО,1-НИШОНИ НУҚРА ВА 4-НИШОНИ БИРИНҶИ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ.
Бо 2-тилло,2-нуқра,2-биринҷи мунтахаби Ӯзбекистон дар ҷои дуюм,
Дастаи Русия бо 1- тилло ва 1-нуқра аз ҳисоби умуми дастави ҷойи дар сеюм қарор гирифтанд.Инчунин варзишгарони Муғулистон 1-нишони нуқра,ҶИЭ(Эрон) 2- биринҷӣ,Қирғизистон 1- нишони биринҷиро сазовор гаштанд.
Маблағи умумии ҷоиза 110,000$ амрикоиро ташкил мекард.
Ғолибони мусобиқаи байналмилали 10,000$,
Ҷойи 2-юм 5000$
Ҷойҳои 3-юм 2500$ -ро соҳиб шуданд.
Аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии гуштингири ба Ҳасан Холмирзоев Қаҳрамони Бозиҳои Олимпии Париж 2024,Меҳмони фахрии мусобиқа, 5000$ тӯҳфа доданд.
Инчунин барои мухлисон ва ҳаводорон бозии бурдноки лоторея ташкил шуд ва толеъбаландон соҳиби телефони мобилии 2000$ гаштанд.
Фозилов Сарҳадҷон Душанбе.26/04/2025.

imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!

#imruz #imruz_uz
Категория: Спорт | Просмотров: 30 | Добавил: idris | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0