06:07
7- нишони пурқимат аз ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ.
Instagram Telegram
7- нишони пурқимат аз ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ.
ҶУДО -яке аз намудҳои варзиши маъмултарин ва бо мо ошнову наздику дуст доштани, зеро тамоми усулу партофтҳояш, ба усулҳову партофтҳову фанҳои куштии миллии мо, ГУШТИНГИРИ монанд аст,аз ин сабаб рушди куштии ҷудо, дар Тоҷикистони азиз, хеле нағз ба назар мерасад.
Имсол низ дастаи яккачини мо, бо ҳайати пурраи паҳлавонон ба майдонҳои мардонагиву паҳлавонӣ ворид шуда, хеле хуб куштигирӣ намуданд.
Албатта имрӯз Тоҷикистон бо паҳлавонҳояш дар саросари олам маъмулу машҳур аст.
Гирифтани 2- нишони нуқра ва 5-биринҷи дар бонуфузтарин мусобиқоти минтақа далели он аст,гарчанде паҳлавонони мо, агар боз андаке ҳушёртар, ҷасуртар ва қавитар корзор мекарданд,натиҷаи ба дастоварда, ранги дигаре мегирифт ва ТОҶИКИСТОН, аз ҳисоби умуми даставӣ, байни 30 кишварҳои Осиё,зинаи аз 7-поинтарро ишғол мекард.Ба ҳаммааш шукр,рӯзҳои хубу хотирмон ва таъриху кишварсозии шукуфон боз ҳам дар пеш аст,зеро Роҳбарияти олии кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва дигар соҳаҳои иҷтимои диққати бештар медиҳанд.
Парчамат бодо парафшон,Тоҷикистон!Тоҷикистон!
Ба мураббиёну волидону варзишкорону ҳаводорон ва маблағгузорон як ҷаҳон арзи сипос.
Фозилов Сарҳадҷон мураббӣ.

imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!

#imruz #imruz_uz
Категория: Спорт | Просмотров: 26 | Добавил: idris | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0