06:01 ПАҲЛАВОНОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ШОҲҶОИЗАҲОИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГӮШТИНИ МИЛЛИИ НОҲИЯИ ЁВОНРО САЗОВОР ШУДАНД! | |
![]()
ПАҲЛАВОНОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ШОҲҶОИЗАҲОИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГӮШТИНИ МИЛЛИИ НОҲИЯИ ЁВОНРО САЗОВОР ШУДАНД!
Рӯзи 27-уми апрел дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи Ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ҳузури беш аз сиҳазор мухлисон ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи бениҳоят баланд баргузор гардид.Дар он паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов, Коморшоҳи Устопириён, Ғазалшоҳи Давлатшо, Дадахон Қурбоналев, Мирзоҷамил Рамазонов, Исроил Раҳимов, Мулораҷаб Халифаев, Субҳиддин Халилзода, Наврӯзи Каримзод, Абубакри Акобир, Ҳайдари Саидкабирзода, Бахтовар Бобохонов, Ҷаҳонгир Бобоев, Алӣ Боқиев, Ҳамроз Раҷабов,Абдулло Лоиқов, Зикрулло Шарифов, Мусохонов Ғаниҷон, Муқтадири Бобоҷон, Хурсанкул Куганов ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Ҳамчунин дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавонон аз давлатҳои Руссия, Камерун, Италия, Миср, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қиғизистон, низ фаъолона иштирок намуданд. Мусобиқа бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон инчунин соҳибкорони бонангу номуси ин ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ҳафт Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, кондитсиоснер, яхдон, гов, шутур ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд. Барои Шоҳҷоизаи аввали Мусобиқаи гӯштини миллӣ ноҳияи Ёвон ду паҳлавони шинохта — Комроншоҳи Устопириён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳусейн Холмирзоев аз Федератсияи Русия бо ҳам рақобат намуданд. Дар ниҳоят Комроншоҳи Устопириён бо як партофти хеле ҳам зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид. Барои Шоҳҷоизаи дуюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон паҳлавони шинохтаи тоҷик Ғазалшои Давлатшо бо паҳлавони пурқуввати узбекистонӣ Бекмурод Олтибоев рақобат карда, ғолиб омад ва соҳиби он гардид. Инчунин барои Шоҳҷоизаи сеюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ ноҳияи Ёвон бошад, Дадахон Қурбоналев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шереалӣ Ҷураев аз Ҷумҳурии Узбекистон бо ҳам сатқат кардад, дар ниҳоят Дадахон Қурбоналев ғолиб омад ва сазовори ин мукофоти олӣ шуд. Шоҳҷоизаи чаҳоруми Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ноҳияи Ёвонро Ҳақназар Назаров аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бар паҳлавони Русия ғолиби омад, соҳиб гардид. Барои Шоҳҷоизаи панҷуми Мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвон ду паҳлавони шинохта- Фирдавс Насимов аз Ҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳсин Ҳисомиддинов аз Ҷумҳурии Узбекистон давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд. Бояд қайд кард,ки дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ҳунару маҳорати паҳлавонони тоҷик Мулораҷаб Халифаев аз ноҳияи Рашт ва Абубакри Акобир аз ноҳияи Балҷувон аз дигар паҳлавонон дида беҳтару хубтар буд, зеро бар се-чаҳор ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ яъне уштур гардиданд. Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқоти сатҳи баланд ба Ҳасан Холмурзоев паҳлавони шинохта ҷоизадори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи Олимпии Рео дажане-ро-2016 аз Федератсияи Русия, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ин мусобиқаи варзишӣ ширкат доштанд, Шоҳҷоиза мошини сабукрав ҳадя карда шуд. Дар барномаи навбатии «Ҷаҳони варзиш», вобаста ба ин мавзуъ, Ҳамза Раҳимов шореҳи варзиш аз ноҳияи Ёвон ва ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ гӯштингирӣ ноҳияи Ёвон Комроншоҳ Устопириён, Ғалашоҳи Давлатшо, Дадхон Қурбоналев ва Абубакри Акобир, изҳори назар менамоянд. imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон! #imruz #imruz_uz | |
Категория: Спорт |
Просмотров: 23 |
Добавил: idris
| Теги: |
Всего комментариев: 0 | |