18:36
Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ мекунад
Дар бозии ҳаштуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» ҳайати доварони элитаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари 34-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло кор мекунад.

Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Индонезия ва Баҳрайн, ки рӯзи 25-уми март дар Ҷакарта баргузор мешавад, таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кӯмак мекунанд.

Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ интихоб гардид. VAR-ро Муҳаммад Убайд Ходим Муҳаммад идора карда, ёвари VAR аз Амороти Муттаҳидаи Араб Умар Муҳаммад Аҳмад Ҳасан Ал-Алӣ хоҳад буд.
Категория: Спорт | Просмотров: 53 | Добавил: idris | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
home--v1 books add-item add-item conference-call--v1 user