Тоҷикистон
тоҷ
Нақшаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои соли оянда муайян шуданд
10:49 11.12.2024
Игроки национальной сборной Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
© Foto / Федерация футбола Таджикистана
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ замони оғози мавсими навбатии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли оянда муайян гардид
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ барои муайян кардани нақшаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Ба иттилои ФФТ, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов сурат гирифт.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа замони оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро 7 март эълон карданд.
"Мисли имсол чемпионати Тоҷикистон дар ду давра бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Умуман давоми мавсим ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад. ", - таъкид шуд дар ҷаласа.
Зикр гардид, дастае, ки дар соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz