Ҳамадонӣ Камолов, нимҳимоятгари тимҳои миллӣ ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон ба як бошгоҳи футболи Эрон пайваст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳамадони Камолов, футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ба дастаи “Гул Гавҳар”-и Эрон гузашт.
Вай нафари дуюм аст, ки дар мавсими интиқол (трансфер) – ҳои зимистонӣ аз Тоҷикистон ба як тими хориҷӣ меравад.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҳлати созишномаи Ҳамадонӣ Камолов бо “Истиқлол” ба охир расид, аз ин хотир, вай тимро тарк кард.
“Бо анҷоми созишнома вай ба масобаи як бозигари озод ба бошгоҳи "Гул Гавҳар"-и шаҳри Сирҷони Эрон гузашт ва ду мавсим дар он тим ҳунарнамоӣ хоҳад кард”, - гуфт Фаридун Солиев.
Бино ба додаҳои расонаҳои варзишии Эрон, "Гул Гавҳар" яке аз тимҳои қавии Эрон буда, дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи бартар (олӣ)-и Эрон дар мақоми панҷум қарор дорад.
imruz.uz - Имруз дар ҷаҳон!
#imruz #imruz_uz