Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯянд, ки ҷониби дастаи “Шахтёр”-и Украина як рӯз пеш аз дидор хабардор карданд, ки бозӣ бо тими мо намекунанд
Дастаи футболи ҷавонони Украина “Шахтёр” аз бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон (U-17) даст кашид.
Аз ФФТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Украина як рӯз пеш аз дидор хабардор карданд, ки бозӣ намекунанд.
“Намояндагони даста маъзарат хостанду гуфтанд, ки бозӣ карда наметавонанд”,- афзуд манбаъ.
Қарор буд рӯзи 17-уми январ мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Туркия бо дастаи ҷавонони то 19-солаи "Шахтёр"-и Украина бозии санҷишӣ анҷом диҳад.
|